Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абна — вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз гуфтугӯи дишаби худ бо вазирони хориҷаи се кишвари аврупоӣ Англия, Олмон, Фаронса ва масъули сиёсати хориҷии Аврупо гузоришеро дар шабакаи иҷтимоии X мунташир кард.
Сайид Аббос Ароқчӣ дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт: «Дишаб як конфронси видеоии муштарак бо вазирони хориҷаи се кишвари аврупоӣ (E3) ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо доштам ва дар он нукоти зеринро ба равшанӣ баён кардам: Ин Иёлоти Муттаҳида буд, ки аз тавофуқе, ки тайи ду сол ва бо ҳамоҳангии Иттиҳоди Аврупо дар соли 2015 ҳосил шуда буд, хориҷ шуд — на Эрон; ва ин Амрико буд, ки дар июни имсол мизи музокираро тарк кард ва ба ҷои он гузинаи низомиро баргузид — на Эрон.»
«Ҳар даври ҷадиде аз музокирот фақат замоне мумкин хоҳад буд, ки тарафи муқобил барои як тавофуқи ҳастаии одилона, мутавозин ва мубтанӣ бар манофеъи мутақобил омодагӣ дошта бошад.»
«Агар Иттиҳоди Аврупо ва се кишвари аврупоӣ мехоҳанд нақше ифо кунанд, бояд масъулона рафтор кунанд ва аз сиёсатҳои фарсудаи таҳдид ва фишор, аз ҷумла таҳдид ба иҷрои созукори «снап бэк», ки фоқиди ҳаргуна мабнои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ барои он ҳастанд, даст бардоранд.»
Your Comment